Январ 20, 2021 21:40 Asia/Dushanbe
  • 398 ҳазор ҳисобкунаки ҳушманди барқ дар марҳалаи нахуст дар Тоҷикистон насб мешавад
    398 ҳазор ҳисобкунаки ҳушманди барқ дар марҳалаи нахуст дар Тоҷикистон насб мешавад

Тоҷикистон то соли 2025 бо кумаки 105 миллиондолларии Бонки Рушди Осиё барномаи насби шуморишгарҳо (ҳисобкунак) - и ҳушманди барқро амалӣ мекунад.

Ба гузориши сомонаи ТОП ТҶ, яке аз шартҳои Бонки Рушди Осиё барои вогузории ин манобеи молӣ гарон шудани қимати барқи масрафӣ аст, ки бояд зина ба зина, ҳамасола афзоиш ёбад.

Дар марҳалаи нахусти ин тарҳ, насби 398 ҳазор дастгоҳи шуморишгари ҳушманди барқ бо 50 миллион доллар ҳазина дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Исфара, Истаравшан, Панҷакент, Бӯстон, Конибодом ва Данғара барномарезӣ шудааст.

Бо насби ин шуморишгарҳои ҳушманд, муштариёни барқ муваззаф ҳастанд, ки оғози ҳар моҳ пули барқи масрафии худро ба унвони пешпардохт ба ҳисоби ширкати «Барқи Тоҷик» ворез кунанд ва интиқоли барқ ба хонаҳо фақат бо доштани корти вижаи пардохти пули хадамот, имконпазир хоҳад буд.

Ҳамчунин агар муштариён бамавқеъ ҳазинаи барқи масрафиро напардозанд, дар муддати 10 то 15 рӯз барқи онон қатъ мешавад.

Аммо Олимҷон Бобоев, иқтисодшиноси тоҷик муътақид аст, ки қимати феълии 22.6 дирам барои ҳар киловатт соат барқи масрафӣ дар бахши хонагӣ гарон аст ва бояд бо афзоиши қимати барқ бо эҳтиёт бархӯрд шавад.

Ба гуфтаи Бобоев, бахше аз кормандони давлат, ки маоши поине дарёфт мекунанд, қишрҳои осебпазири ҷомеа ва бознишастагон дар сурати афзоиши қимати барқ дар Тоҷикистон бо мушкил рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп