Январ 21, 2021 13:28 Asia/Dushanbe
  • Бо ҳузури мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрону Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қарордоди сохти марҳалаи дуввуми нақби Истиқлол ба имзо расид
    Бо ҳузури мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрону Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қарордоди сохти марҳалаи дуввуми нақби Истиқлол ба имзо расид

Бо ҳузури мақомҳои Ҷумҳурии Исломии Эрону Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қарордоди иҷрои марҳалаи дуввуми тарҳи сохти нақби “Истиқлол” байни ширкати эронии “Фароб” ва Вазорати нақлиёти Тоҷикистон имзо шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон дар ифтитоҳияи ин маросим, Тоҷикистону Эронро ду кишвари дӯст, ҳамзабон, ҳамфарҳанг ва дорои тоаъихи муштарак хонд ва гуфт: «Ҷумҳурии Исломии Эрон дар иҷрои бисёре аз тарҳҳои зерсохтӣ дар Тоҷикистон саҳм доштааст, ки ба унвони мисол метавон ба сохти нерӯгоҳи барқи обии “Сангтуда 2” ва нақби “Истиқлол” ишора кард.»

Вай афзуд: «хушбахтона имрӯз фурсати оғози марҳалаи дуввуми тарҳи нақби “Истиқлол” фароҳам шуда ва умедворем такмили он тӯҳфае арзишманд ба ҷашни 30 солагии истиқлоли Тоҷикистон хоҳад буд.»

Ин мақоми тоҷик гуфт, дар чорчӯби санади такмили нақби “Истиқлол” иқдомоте аз қабили таъмини рӯшаноӣ, таҳвия, оташнишонӣ, насби дурбинҳои назоратӣ ва ғайра, ки барои амалкарди муассири нақб муҳим ҳастанд, анҷом мешавад.

Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон низ дар ин маросим, нақби “Истиқлол”-ро аз тарҳҳои муҳиму ҳаётӣ барои Тоҷикистон донист ва гуфт:«кандани нақб дар шароити сахти кӯҳистонӣ кори душворе буд, вале хушбахтона анҷом шуд ва марҳалаи дувум низ ба лутфи Худованд мутаъол бо муваффақият такмил хоҳад шуд.»

Беҳрӯзи Муродӣ, муовини мудир омили Ширкати обу нерӯи Эрон низ бо ибрози хурсандӣ аз ҳузур дар ин маросим гуфт, иҷрои ин тарҳ гоме дигар дар ростои тақвияти равобит миёни ду кишвари дӯсту ҳамзабон хоҳад шуд.

Алии Вакилӣ, мудир омили ширкати “Фароб” низ дар маросими имзои қарордоди такмили нақби “Истиқлол” гуфт: «саҳми ширкати Фароб ва Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар ин тарҳ ба сӯрати 50/50 аст ва дар сӯрати анҷом саҳми тарафи дӯстони тоҷик, талош хоҳем кард то қабл аз ҷашни 30 солагии истиқлоли Тоҷикистон ин тарҳ ба поён бирасад ва ба дасти раисиҷумҳури Тоҷикистон ифтитоҳ шавад.»

Нақби “Истиқлол” дар ҳудӯди 70 километрии шимоли шаҳри Душанбе ва дар масири роҳи Душанбе -Хуҷанд қарор гирифта ва иртиботи заминии шимолу ҷануби Тоҷикистонро таъмин ме‌кунад.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: