Ҷамъоварии 9 миллионсомонии қарзи барқ дар вилояти Суғд бо кумаки ВКД
Коргурӯҳи вижаи назорат бар масрафи барқ дар вилояти Суғд ахиран бо кумаки кормандони Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ҳудӯди 9 миллионсомонии ҳазинаи барқи пардохтнашударо ҷамъоварӣ карданд.
Ба гузориши хабаргузории Ховар, ин маблағ дар шаҳрҳои Исфара, Гулистон ва ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварӣ ва ба ҳисоби ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” ворез шудааст.
- Дархостҳои мукаррари Ширкати Барқи тоҷик барои сари вақт пардохт кардани нерӯи барқ ва сарфаҷӯӣ
- Як мақоми тоҷик: мардум барои поён додан ба барқдуздӣ ҳамкорӣ кунанд
Ба далели шиддат ёфтан буҳрони камбуди барқ дар Тоҷикистон Ситоди вижаи кишварӣ барои назорат бар масрафи барқ фаъолияти худро оғоз кардааст.
Аз вазоифи ин ситод ифшосозии дуздии барқ, шиносоии қарздорони бузурги барқӣ ва даъват аз мардум барои сарфаҷӯӣ дар масраф аст.
Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон, ҳамчунин намояндагони Вазорати энергетика ва ШСХК “Барқи Тоҷик” аъзои ин ситод мебошанд.
Дар манотиқи рустоии Тоҷикистон аз рӯзи 6 январи имсол аз соати 23 шаб то 6 субҳ маҳдудияти барқ иҷро шудааст.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Раҳимзода: Бархе кормандони ширкати барқ дар дуздии барқ даст доранд
- Бештарин барқдуздӣ дар Тоҷикистон дар чӣ маконҳое рух медиҳад?