Январ 23, 2021 12:08 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши саронаи тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон дар соли 2020

Саронаи тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон дар соли 2020 бо 440 сомонӣ афзоиш ба 8 ҳазору 740 сомонӣ расид.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто, бар асоси эъломи Ожонси давлатии омори Тоҷикистони ҷамъияти ин кишвар дар соли 2020 ба 9 миллиону 400 ҳазор нафар расида, ки бар ин асос саронаи ҳар тоҷик ( саҳми ҳар шаҳрванд аз тавлиди нохолиси миллӣ ) 8 ҳазору 740 сомонӣ ( муодили 773 доллар ) аст .

 Саронаи тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон дар соли 2019 наздик ба 8 ҳазору 300 сомонӣ буд, ки ин нишондод  дар соли 2018 наздик ба 7 ҳазору 565 сомонӣ буда аст.

 Дар соли 2020 ҳамчунин тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон ба 82 миллиарду 543 миллион сомонӣ ( муодили 7 миллиарду 300 миллион доллар ) расид, ки дар муқоиса бо соли 2019 ҳудуди 4 миллиард сомонӣ афзоиш нишон медиҳад.

 

 Бештар бихонед:

 

Барчасп