Январ 23, 2021 14:26 Asia/Dushanbe
  • То кунун 90 унвон китоби кӯдак дар ихтиёри 15 китобхонаи Тоҷикистон қарор гирифта аст
    То кунун 90 унвон китоби кӯдак дар ихтиёри 15 китобхонаи Тоҷикистон қарор гирифта аст

Ожонси тавсеъаи байналмиллалии Амрико(USAID ) дар Тоҷикистон дар қолаби тарҳи « бо ҳам бихонем » дар назар дорад 56 китобхонаи кӯдаки ин кишварро то поёни се моҳаи аввали имсол аз назари молӣ ва китобӣ таъмин кунад.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс , яке аз авлавиятҳои ин тарҳ , таҳияву интишори китобҳои кӯдакон барои тақвияти маҳорати хондани донишомӯзон дабистоне аст, ки бо ҳамкории Вазорати маорифу илми ин кишвар иҷро мешавад.

 Дар чорчӯби ин тарҳ то кунӯн 90 унвони китоби кӯдак дар ихтиёри 15 китобхонаи шаҳрӣ ва минтақаии Тоҷикистон қарор гирифта аст.

 Ин китобҳо дар китобхонаи давлатии кӯдакон ба номи Мирсаид  Миршакар ва ҳамчунин 6 китобхонаи  Бадахшон ( Дарвоз,  Ванҷ , Рӯшон , Шуғнон , Роштқалъа , Мурғоб) , 5 минтақаи тобеъи марказ ( Нўробод, Рашт , Сангвор ,Тоҷикобод ,Лахш) , 2 ноҳияи  Суғд ( Айнӣ ва Панҷакент ) ва минтақаи Муъминободи вилояти Хатлон дар дастрас ҳастанд.

 Коршиносон муътақиданд ҳар чанд дар зоҳир ин  созмон ( USAID ) дар кишварҳои минтақа ба хусӯс дар Тоҷикистон бо ҳадафи беҳбуди омӯзишӣ фаъолият мекунад, аммо аҳдофи ташкили ин созмон аз талош барои нуфӯзи нарму мудохилаи фарҳангӣ дар кишварҳои Осиёи марказӣ ҳикоят дорад.

 Ин созмон дар гузашта низ бо сармоягузорӣ  дар бахшҳои мухталиф ба хусӯс дар мавзӯи расонаҳои Осиё марказӣ кушида аст аз нуфӯзи Русия ва Чин дар ин минтақа ҷилавгирӣ кунад.

 

 Бештар бихонед:

 

Барчасп