Баргузории намоз дар масҷидҳои Тоҷикистон бо риояи меъёрҳои беҳдоштӣ
Ситоди миллии мубориза бо вируси коронаи Тоҷикистон, ки муҷаввизи бозгушоии масҷидҳо аз рӯзи якуми феврали соли ҷориро содир карда аст, барои пешгирӣ аз ин беморӣ ба намозгузорон чанд тавсия дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон , ба далели сифр шудани шумори гирифторон ба Ковид 19 ва холӣ шудани бемористонҳо аз ин беморон, Ситоди миллии мубориза бо вируси коронаи Тоҷикистон дастури бозгушоии тамоми масҷидҳои кишварро аз рӯзи аввали феврал содир кард.
Аммо таъкид мешавад, ки задани ниқоб барои намозгузорон ҳатмӣ мебошад , ҳангоми барпоии намоз бояд фосилаи иҷтимоӣ риоят шавад ва масоҷид ҳамвора аз таҷҳизоти ҳавософкунӣ истифода кунанд.
Вуруди намозгузорон ба масоҷид низ бидуни таҷаммуъ ва ним соъат қабл аз намоз иҷозат дода шуда ва аз даст додан ба якдигар ҷиддан худдорӣ кунанд.
Ҳамчунин тавсия шуда, ки агар намозгузорон бо худ ҷойнамоз биоваранд барои онон беҳтар хоҳад буд.
Масҷидҳои Тоҷикистон аз рӯзи 18 апрели соли 2020 тибқи мусаввабаи Шӯрои уламои исломии ин кишвар ва тавсияҳои Ситоди муқобила бо вируси корона барои ҷилавгирӣ аз густариши Ковид-19 баста шуд.
Бештар бихонед :