Коршиноси рус: Озодкунии яксолаи андоз барои кишоварзони тоҷик кофӣ нест
(last modified Wed, 27 Jan 2021 05:37:12 GMT )
Январ 27, 2021 10:37 Asia/Dushanbe
  • Коршиноси рус мегӯяд, ки мӯҳлати яксолаи андоз барои рушди соҳаи кишоварзии Тоҷикистон кофӣ нест
    Коршиноси рус мегӯяд, ки мӯҳлати яксолаи андоз барои рушди соҳаи кишоварзии Тоҷикистон кофӣ нест

Иқтисоддони рус мӯътақид аст, ки мӯҳлати яксолаи Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишоварзон барои истифода аз замин кофӣ нест.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник,  Леонид Холод  бо ишора ба дастури Эмомалӣ Раҳмон барои муъоф кардани кишоварзон ба муддати як сол аз пардохти молиёти истифода аз замин , мегӯяд, ки ин муддат барои таъмини рушди бахши кишоварзии Тоҷикистон кофӣ нест.

 

Вай мегӯяд: «Албата ин иқдом мусбат мебошад. Аммо дар бозори хӯроквории Тоҷикистон дар соли 2020 мо тағирёбии шадиди нархҳо ва болоравии қурбҳоро мушоҳида кардем, ки бо беқурбшавии сомонӣ нисбати асъори хориҷӣ рост омад. Азбаски Тоҷикистон қисми зиёди хӯроквории мардумашро аз хориҷ ворид мекунад, норасоии асъор таъминоти молҳои аввалияро мушкил кардааст. »


 Холод афзудааст: «Маблағи молиёти солонаи истифода аз замин дар Тоҷикистони 200 миллион доллар аст, ки барои кишоварзони ин кишвар манбаи молии калон ба ҳисоб меояд.»

Холод мӯътақид аст, ки агар воқеан ҳам Тоҷикистон мехоҳад ба натоиҷи матлубе дар заминаи афзоиши тавлиди маводи ғизоӣ даст ёбад бояд муъофияти кишоварзон аз пардохт молиёти заминро чанд сол таъин кунад.

 

Бештар бихонед: