Сафари 330 ҳазор сайёҳи тоҷик ба Ӯзбакистон дар соли 2020
(last modified Wed, 27 Jan 2021 07:21:23 GMT )
Январ 27, 2021 12:21 Asia/Dushanbe
  • Соли 2020 қирғизҳо аз ҳама бештар ба Узбакистон сафар кардаанд
    Соли 2020 қирғизҳо аз ҳама бештар ба Узбакистон сафар кардаанд

Дар соли 2020 беш аз 330 ҳазор аз атбои Тоҷикистон ба унвони сайёҳ ба Ӯзбакистон сафар кардаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Комитети давлатии омори Ӯзбакистон, сафари сайёҳони хориҷӣ ба ин кишвар дар соли 2020 ба далели густариши вируси корона дар муқоиса бо соли 2019 наздик ба 78 дарсад коҳиш ёфтааст.

Гуфта мешавад, ки байни кишварҳои ҳамсоя аз ҳама бештар қирғизҳо ба теъдоди 508 ҳазор нафар ба унвони сайёҳ дар соли 2020 вориди Ӯзбекистон шудаанд.

Дар мақоми дувуми қаззоқҳо қарор доранд, ки 421 ҳазор нафар ба Ӯзбакистон дар соли 2020 сафар кардаанд.

Атбои Тоҷикистон низ бо 330 ҳазор нафар дар радифи сеюм қарор гирифтаанд.

 Аммо дар соли 2020 ва умдатан то замони оғози густариши Ковиди 19 ва баста шудани марзҳо 410 ҳазор хориҷӣ ба Тоҷикистон ба унвони гардишгар сафар кардаанд, ки дар муқоиса бо соли 2019 коҳиши 909 ҳазор нафариро нишон медиҳад.

Аксар ин гардишгарон атбоъи Ӯзбакистон, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Афғонистон, Туркия, Чин, Эрон ва Амрико будаанд.

 

Бештар бихонед: