Сафари коргарони муҳоҷири тоҷик ба Русия аз бероҳаҳо
Мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия мегӯяд, ки дар шароити густариши вируси корона ва баста шудани марзҳо теъдоди зиёде аз коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ бо ҳазинаҳои ҳангуфт ва таҳияи ҳуҷҷатҳои тиббӣ барои дармон дар бемористонҳои Русия вориди ин кишвар шудаанд.
Ба гузориши сомонаи Муҳоҷирони тоҷик, Каримҷон Ёров гуфтааст, ки теъдоди зиёде аз коргарони муҳоҷири тоҷик бо тавофуқ бо марказҳои дармонии Русия ва таҳияи ҳуҷҷатҳои пизишкӣ муваффақ шудаанд бо вуҷуди маҳдудиятҳо вориди Русия шаванд.
Вай афзуд: Чунин иқдомоте 90 ҳазор рубли русӣ, яъне бештар аз ҳазору 200 доллар ҳазина дорад.
Ин дар ҳолест, ки ба коргарони муҳоҷири тоҷик гуфта шудааст, ки аз моҳи марти имсол вуруди онҳо ба Русия осон хоҳад шуд ва ниёзе ба харҷи ҳангуфту таҳияи ҳуҷҷатҳои тиббӣ вуҷуд надорад.
Теъдоде аз коргарони муҳоҷир муддаӣ ҳастанд, ки бо ду моҳ фаъолият дар Русия харҷи сангини сафар ба ин кишварро ҷуброн хоҳанд кард.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи сешанбе дар паёми хеш ба Парламент эълом кард, ки 80 дарсади коргарони муҳоҷири тоҷик дар соли 2020 ба далели густариши вируси корона натавонистанд барои кор ба Русия бираванд.
Агар ҳамасола қабл аз густариши Ковид -19 беш аз 460 ҳазор нафар аз Тоҷикистон барои кор ба Русия мерафтанд, дар соли 2020 танҳо 111 ҳазор нафар муваффақ ба вуруд ба Русия шуданд.
Бештар бихонед:
- Коргарони муҳоҷири тоҷик омода шаванд
- Масири Узбакистон ва Қирғизистон барои бозгашти коргарони муҳоҷири тоҷик арзонтар аст
- Вазъияти коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия дар даврони корона