Мусодираи 40 килограм тилло ва миллионҳо доллари қочоқ дар фурудгоҳи Душанбе
(last modified Sun, 31 Jan 2021 08:33:21 GMT )
Январ 31, 2021 13:33 Asia/Dushanbe
  • Ин миқдор тилло ва пул нақд қарор буд ба Дубай мунтақил шавад
    Ин миқдор тилло ва пул нақд қарор буд ба Дубай мунтақил шавад

Кормандони идороти марзбонӣ ва гумруки Тоҷикистон дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе аз як гурӯҳи қочоқчии афғонистонӣ 40 килограм тилло ва миллионҳо доллар пули нақдро кашфу мусодира кардаанд.

Ба гузориши сомонаи Спутник, манобеи амниятии Тоҷикистон аз ироаи иттилооти бештар дар ин замина худдорӣ карда, аммо мақомоти қудратии Афғонистон гуфтаанд, ки ин миқдор тилло ва пули нақд аз Афғонистон ба таври қочоқ ба Тоҷикистон мунтақил шуда ва қарор буд ба Дубай расонида шавад.

Гуфта мешавад, ки рӯзҳои наздик парвандаи ин гурӯҳ барои муҳокима ба додгоҳ ирсол хоҳад шуд.

Дар моҳи ноябри соли 2020 низ ду шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳи Душанбе ҳангоми интиқоли 90 килограм тилло ва 15 миллион доллари нақд ба Дубай боздошт шуданд.

Ҳамчунин дар моҳи июни соли 2020 аз як зани тоҷик, ки қасди сафар ба Истанбул дошт дар фурудгоҳи Душанбе 2.5 килограм тилло ва 26 ҳазор доллар кашф ва мусодира шуд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: