Афзоиши кашфу мусодираи маводи мухаддир дар Тоҷикистон
(last modified Tue, 06 Feb 2024 09:40:30 GMT )
Феврал 06, 2024 14:40 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши кашфу мусодираи маводи мухаддир дар Тоҷикистон

Соли гузашта дар маҷмӯъ 5.2 тон маводи мухаддир дар Тоҷикистон кашфу мусодира шуд, ки 291 килограмму 638 грамм ё 5.8 дарсад бештар аз солм 2022 (4 тону 991 килограмму 176 грам) аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Самад Зафар, раиси Агентии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон гуфт, ки агарчи дар соли 2023 ҳаҷми кашфиёти маводи мухаддир 4.9 дарсад коҳиш ёфт, аммо кашфиёти маводи равонгардон, ки хатарноктар ҳастанд, 3.8 дарсад ва тарёк низ 37.2 дарсад афзоиш ёфт.

 Раиси Агентии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон гуфт дар ин муддат фаъолияти 41 гурӯҳ ҷиноӣ бо 77 нафар шиносоӣ шуд.

 Зафар Самад гуфт: Дар соли 2023 ду амалиёти муштарак тавассути Агентӣ бо мақомоти Русия анҷом шуд ва дар маҷмӯъ 38 килограмму 476 грам маводи мухаддир кашфу мусодира шуд.

 Бар асоси иттилооти ӯ дар ҳоли ҳозир 4160 нашъаманд дар ҷумҳурӣ шиносоӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2022 (4381 нафар) 221 нафар муодили 5 дарсад коҳиш доштааст.