Октябр 17, 2016 19:34 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши 1.4 миллиард долларии ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон

Кумитаи омори Тоҷикистон аз коҳиши 1.4 миллиард долларии ҳаҷми тиҷорати хориҷии ин кишвар, тайи 2 соли ахир хабар дод.

Ҳаҷми мубодилаи тиҷории Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, тайи 2 соли ахир як миллиарду 408 миллион доллар ва ё 33 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ба гузориши Кумитаи омори Тоҷикистон, ҳаҷми мубодилаи тиҷории Тоҷикистон дар 9 моҳи соли ҷорӣ, 2 миллиарду 895 миллион долларро ташкил дод. Ин дар ҳоле аст, ки муддатзамони мушобеҳи соли 2014 милодӣ ҳаҷми он 4 миллиарду 303 миллион долларро ташкил медод.

Ҳаҷми мубодилаи тиҷории 9 моҳи ахири соли ҷорӣ, дар муқоиса бо муддатзамони мушобеҳи соли гузашта, 250 миллион доллар ва ё 7.9 дарсад камтар будааст.

Мақомоти зирабти Тоҷикистон коҳиши ҳаҷми мубодилаи тиҷорати хориҷии Тоҷикистонро бо коҳиши воридоти чӯб ва маҳсӯлоти чӯбӣ ( 38 дарсад), маводи ғизоӣ (30 дарсад), сабзиҷот ( 23дарсад), маҳсӯлоти маъданӣ (21дарсад), маҳсӯлоти ҳамлу нақл (18 дарсад ) муртабит медонанд.

Илова бар ин, коҳиши ҳаҷми содироти панба, сангҳои қимат ва нимақимат ва фулузот, ҳайвоноти зинда ва сабзиҷот, ҳамчунин бар ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон таъсири манфӣ расондааст.

Гуфтанист, ки дар ин муддатзамон шарикони аслии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон, Русия ва Чин боқӣ мондаанд.

Тибқи гузориши Кумитаи омори ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаҷми мубодилаи тиҷории ин кишвар бо Русия дар 9 моҳи соли ҷорӣ, тақрибан 764 миллион доллар ва бо Чин ҳудӯди 700 миллион долларро ташкил додааст.

Дар муқоиса бо муддатзамони мушобеҳи соли гузашта, ҳаҷми гардиши молӣ байни Тоҷикистон ва Русия дар соли ҷорӣ, коҳиши 9.3 дарсадӣ ва бо Чин афзоиши 32 дарсадӣ доштааст.

Ҳаҷми мубодилаи тиҷории Тоҷикистон бо кишварҳои Қазоқистон 458 миллион доллар, Туркия 224 миллион доллар ва Швейтсария 104 миллион долларро ташкил додааст.