Феврал 01, 2021 14:30 Asia/Dushanbe
  • Муттаҳамони фурӯши ғайриқонунии замин дар Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
    Муттаҳамони фурӯши ғайриқонунии замин дар Тоҷикистон муаррифӣ шуданд

Додситони кулли Тоҷикистон 12 гурӯҳ аз мақомоти ҳукуматии ин кишвар муттаҳам ба заминфурӯширо муаррифӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз нашрияи порлумонии Садои мардум, Юсуфи Раҳмон гуфтааст, дар соли 2020 алайҳи 296 нафар аз кормандони идороти давлатӣ. аз ҷумла 22 корманди масъули ноҳияҳо, 27 нафар аз раисону мутахассисони идораҳои заминшиносӣ, 120 нафар аз мақомоти фармондориҳо ( ҷамоатҳо ), 49 корманди масъули идораҳои сабти аҳвол ва 78 нафар аз мудирони ширкатҳои кишоварзӣ ба иттиҳоми фурӯши ғайриқонунии замин, парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст.

Вай дар ин маврид ба 12 гурӯҳ аз раисону масъулони шаҳрҳо ва ноҳияҳои Тоҷикистон ишора кардааст, ки дар моҷарои фурӯши ғайриқонунии замин даст дошта ва теъдоде ба зиндон маҳкум шудаанд.

 

Чунончӣ  шаҳрдори собиқи Кӯлоб Баҳром Иноятзода ва муовинаш ба иттиҳоми фурӯши 128 гектар замин ба 306 нафар ва дарёфти 725 ҳазор сомонӣ ришва дар ин муомила ба 12 сол зиндон маҳкуми шуд.

Мудири идораи меъморӣ Ш.Назарзода ва 10 корманди шаҳрдории Кӯлоб бо ҷаъли 200 санад, 26 гектар замини кишоварзиро ба 200 нафар ба маблағи 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ фурӯхтаанд.

 О. Набизода ва А. Саъдуллозода муовинони раиси ноҳияи Ёвон низ бо ҳамдастии 13 мақоми ин минтақа 17 гектари заминро ба 100 нафар ба маблағи 10 ҳазору 800 доллар ва 250 ҳазор сомонӣ фурӯхтаанд.

Додситони кулли Тоҷикистон аз ташкили парвандаи ҷиноӣ дар соли 2020 алайҳи гурӯҳҳои мушобеҳе аз кормандони идороти ҳукуматӣ дар ноҳияҳои Исфара, Паҷакент, Ҳисор, Рӯдакӣ, Варзобу Восеъ ба иттиҳоми заминфурӯшӣ хабар додааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп