Ковид 19 дар зиндонҳои Тоҷикистон талафоте надоштааст
(last modified Tue, 02 Feb 2021 09:46:53 GMT )
Феврал 02, 2021 14:46 Asia/Dushanbe
  • Авзои бемории корона дар зиндонҳои Тоҷикистон таҳти назар аст
    Авзои бемории корона дар зиндонҳои Тоҷикистон таҳти назар аст

Вазири адлияи Тоҷикистон эълом кард, ки дар зиндонҳои ин кишвар ҳеч мавриде аз фавти зиндониён бар асари Ковид 19 сабт нашудааст.

Ба гузориши сомонаи Топ Тҷ, Музаффар Ашӯриён дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфтааст, ки авзоъи бемории корона дар зиндонҳои Тоҷикистон таҳт назар аст ва ҳеч як аз зиндониён то кунӯн бар асари ибтило ба вируси Ковид 19 фавт накардаанд.

Вай афзуд, аз рӯзҳои нахусти густариши вируси корона дар Тоҷикистон мулоқот бо зиндониён ва овардани ғизо барои онон ба таври муваққат мамнӯъ, тамомии биноҳо зиддиуфунӣ ва маҳдудиятҳои дигаре низ иҷроӣ шуд.

Вазири адлияи Тоҷикистон изофа кард, ҳамчунин бо анҷоми озмоишҳои фаровон рӯи афроде, ки аломатҳои бемории Ковид 19-ро доштанд, аз густариши ин беморӣ, ҷилавгирӣ шуд.

Ашӯриён ҳамчунин аз идомаи маҳдудиятҳои коронаӣ дар зиндонҳо ва таъмини комили дору ва лавозими беҳдоштӣ дар 19 зиндони Тоҷикистон хабар дод.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: