Афғонистон пули пеш дод ва хостори коҳиши нархи барқи Тоҷикистон шуд
(last modified Wed, 03 Feb 2021 06:59:09 GMT )
Феврал 03, 2021 11:59 Asia/Dushanbe
  • Ширкати Барқи тоҷик аз ширкати барқи Афғонистон барои пешпардохти барқ ​​миннатдорӣ баён кард
    Ширкати Барқи тоҷик аз ширкати барқи Афғонистон барои пешпардохти барқ ​​миннатдорӣ баён кард

Раиси ширкати давлатии Барқи тоҷик дар номае ба масъулони ширкати барқи Афғонистон бобати вориз намудани маблағи пешпардохти барқи воридоти барои 4 моҳи нахусти имсол ташаккур кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Мирзо Исмоилзода дар ин нома таъкид кардааст, ки бо вуҷуди мушкилоти фаъолияти ширкати Барқи тоҷик дар соли 2020 Тоҷикистон ба тааҳҳудоти хеш дар заминаи содироти барқ ба Афғонистони амал кард.

Тибқи ёддошти тафоҳуме, ки байни Ширкати барқи Тоҷикистон ва ширкати Брешна дар 20 декабри соли 2020 имзо шудааст, ҷониби Афғонистон ӯҳдадор шудааст, ки хароҷоти воридоти нерӯи барқ ​​аз Тоҷикистонро барои моҳҳои январ, феврал, март ва апрели соли 2021 пешакӣ пардохт кунад.

Аммо ҷониби Афғонистон аз ширкати Барқи тоҷик дархост кардааст, ки пас аз ин 4 моҳ қимати барқи содиротии хешро коҳиши диҳад.

Тоҷикстон ҳам мутааҳҳид шудааст, ки дар ин 4 моҳ барқи вилоятҳои Тахор, Бағлон ва Қундузро таъмини кунд.

Брешно пештар низ хостор он шуда буд, ки Тоҷикистон содироти барқи худро ба он кишвар афзоиш диҳад.

 

Дар бораи нархи ҳар киловатт соати барқи содиротии Тоҷикистон ба Афғонистони итилоъи дақиқе дар даст нест, аммо манобеи мустақили хабарӣ мегӯянд, ки ин шохис 4,1 сент мебошад.

Ин дар ҳолест, ки ахиран  вазири энержии захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа  эълом кард, ки дар ҳоли ҳозир кишвар ба далели буҳрони камбуди барқ дар дохили Тоҷикистон акнун танҳо ба Афғонистон барқ содир мекунад.

 

Бештар бихонед: