Октябр 18, 2016 10:37 Asia/Dushanbe
  • Ташкили парвандаи ҷадиди ҷиноӣ алайҳи Бузургмеҳр Ёров

Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи зиндонии аъзои аршади Ҳизби мамнӯаи наҳзати исломии Тоҷикистон парвандаи ҷадиди ҷиноӣ ташкил дод.

Ба гузориши сайти "Озодагон", Хосият Ёрова, хоҳари Бузургмеҳр Ёров гуфт, ахиран Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи бародараш ба иттиҳоми таҳдиди намояндаи ин ниҳод дар рӯзи эъломи ҳукми маҳкумияташ дар Додгоҳи Душанбе парвандаи ҷиноӣ ташкил додааст.

Вай таъкид кард, дар рӯзи судури ҳукми Бузургмеҳр Ёров дар Додгоҳи шаҳри Душанбе, миёни вай ва Рустам Тақдирзода, намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон баҳси лафзӣ иттифоқ афтод ва акнун ба баҳонаи тавҳин ба намояндаи ин ниҳод, алайҳи бародараш парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст.

Ба гуфтаи хоҳари Бузургмеҳр Ёров, мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон бар асоси банди 356-и қонуни ҷиноӣ Ёровро ба тавҳину таҳдиди намояндаи ин ниҳод дар додгоҳ муттаҳам кардаанд, ки ин ҳукм метавонад маҳкумияти дусола ё ҷаримаи сангини молӣ ба дунбол дошта бошад.

Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов, ду вакили мудофеи аъзои аршади Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон ахиран бар асоси ҳукми Додгоҳи шаҳри Душанбе ба иттиҳоми кулоҳбардорӣ, барангехтани низои қавмӣ, мазҳабиву нажодӣ, даъват ба ифротгароӣ ва талош барои барандозии низоми сиёсӣ ба 23 ва 21 соли зиндон маҳкум шуданд.

Аммо онон бо радди тамоми ин иттиҳомот, далели аслии зиндонӣ шудани худро дифоъ аз ҳуқуқи аъзои аршади Ҳизби мамнӯъаи наҳзати исломии Тоҷикистон унвон кардаанд.

Ин дар ҳоле аст, ки созмонҳои Дидабони ҳуқуқи башари Ҳуман рвйтс Вотч, Афви байналмилал, Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия, Маркази дифоъ аз ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ ва Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милали муттаҳид бо маҳкум кардани аҳкоми содира алайҳи Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов, озодии ононро хостор шудаанд.