8 соли зиндон барои фарзанди Иззатулло Ҳаёев
(last modified Thu, 04 Feb 2021 08:48:01 GMT )
Феврал 04, 2021 13:48 Asia/Dushanbe
  • Гуфта мешавад, ки Исматуллоҳ Ҳаёев дар дуздии қарзи бонк ва тасарруфи он айбдор мешавад
    Гуфта мешавад, ки Исматуллоҳ Ҳаёев дар дуздии қарзи бонк ва тасарруфи он айбдор мешавад

Фарзанди Изатулло Ҳаёев нахуствазири собиқи Тоҷикистон ба иттиҳоми дуздии воми молӣ ва ихтилос дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба 8 сол зиндон маҳкум шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Ти Ҷи, додситонии кулли Тоҷикистон ҳукми 8 соли маҳкумияти Исматуллоҳ Ҳаёевро эълом кард, аммо дар бораи ҷузиёти ин парванда тавзеҳ надод.

Бо ин ҳоли манобеи ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон гуфтаанд, ки Исматуллоҳ Ҳаёев ба дуздии воми банкӣ ва ихтилоси молӣ муттаҳам мебошад.

Моҷрои Исматулло Ҳаёев дар соли 2017 замоне оғоз шуд, ки вай ҳамчун мудири яке аз ширкатҳои бофандагӣ аз бозпардохти 3 миллион доллар қарз ба банки Авангарди  Русия худдорӣ кард.

Тарафи Русия хостори эъломи муфлисшавии ширкати бофандагии Исматуллоҳ Ҳаёев ва фурӯши амволи он ва бозпардохти ин маблағ шуда буд, аммо дар соли 2017 додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон иддаои банки Русияро рад кард.

Исматуллоҳ Ҳаёев фарзанди марҳум Иззатуллоҳ Ҳаёев нахуствазири Тоҷикистон дар солҳои 1985 то 1992 аст.

 

Бештар бихонед: