Беиттилоии ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз сарнавишти Дониёр Набиев
Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Ҳукумати Тоҷикистон эълом кард, ки аз маҳкум шудани Дониёр Набиеви 81 сола ба 7 соли зиндон итилое надорад.
Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Умед Бобозода дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе дар посух ба пурсишҳои мукаррари хабарнигорон гуфтааст, ки худаш ва ҳамкоронаш аз сарнавишти ин узви собиқи Ҳизби мамнӯаи наҳзати исломии Тоҷикистон ҳеч итилое надоранд.
Дониёр Набиев моҳи августи соли 2020 боздошт ва дар 28 декабри ҳамон сол ба иттиҳоми ифротигарӣ ва кумак ба хонаводаҳои зиндониёни Ҳизб мамнуъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон ба 7 соли зиндон маҳкум шуд.
Пеш аз ин, дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар баёнияе муддаӣ шуда буд, ки Дониёр Набиев аз тариқи ноҳияи марзии Панҷ ба гурӯҳи террористии ҷамоати Ансоруллоҳ дар Афғонистон, ки бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон иртибот дорад, кумаки молӣ ирсол кардааст.
Ин дар ҳолест, ки Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон бо интишори баёнияе ҳар навъ иртиботи ин гурӯҳро бо ҷамоати Ансоруллоҳ дар Афғонистон рад кардааст.
Вакили мудофеи Набиев ҳам изҳор доштааст, ки ӯ дар додгоҳ ба ду мавриди дарёфти кумаки молӣ аз наздикони аъзои зиндонии Ҳизби наҳзати исломӣ эътироф ва эълом кардааст, ки ин маблағро ба хонаводаҳои онон расонида аст.
Ҳамчунин ба гуфтаи вакили Набиев, вай аз нафақааш низ ду бор ба маблағи 200 ва 300 сомонӣ ба хонаводаҳои ин зиндониён кумак кардааст.
Созмони байналмилалии Дидабони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) ҳам дар баёнияе таъкид кардааст: Ба далели ногувории вазъи ҷисмонии Набиев, ки аз бемории сил ранҷ мебарад, мақомоти қазоии Тоҷикистон бояд ҳар чӣ зудтар барои озодии ӯ иқдом кунанд.
Бештар бихонед: