Сарнавишти номаълуми муовини зиндонии раиси Ҳизби мамнуи ҳаракати Исломии Тоҷикистон
(last modified Mon, 24 Jan 2022 06:09:06 GMT )
Январ 24, 2022 11:09 Asia/Dushanbe
  • Сарнавишти номаълуми муовини зиндонии раиси Ҳизби мамнуи ҳаракати Исломии  Тоҷикистон

Дархости кумаки хонаводаи муовини зиндонии раиси Ҳизби мамнуи ҳаракати Исломии Тоҷикистон аз СММ.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳамсар ва писари Маҳмадалӣ Ҳаит аз Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмиллалӣ дархости кумак кардаанд.

Ниссо Ҷӯрабекова ва Фирӯз Муҳмадалӣ Ҳаит , ҳамсар ва писари  Муҳмадалӣ Ҳаит , муовини раиси Ҳизби мамнуи ҳаракати Исломии Тоҷикистон, ба комиссариати Олии Созмони Миллал дар умури ҳуқуқи башар, Салиби Сурх, Созмони Амният  ва Созмони Миллал муроҷиат кардаанд. 

«Онхо кариб хафт мох боз аз Мухаммадалй хабар надоранд»,
Онҳо мегӯянд, тибқи қонунҳои Тоҷикистон, хонаводаҳо ҳақ доранд, ки ҳар шаш моҳ як маҳбусро аёдат кунанд, аммо ин бори охир буд, ки дар моҳи майи соли гузашта ӯро дида будем.

Хонаводаи Муҳмадалӣ Ҳаит   изҳор доштанд, ки 24 ноябри соли 2021 санаи дидор бо маҳбус аст, аммо он рӯз ба мо гуфтанд, ки мулоқот бо маҳбус имкон надорад.

Ба гуфтаи хонаводаи Муҳмадалӣ Ҳаит , "дар мулоқоти ахир маҳбус аз вазъи саломатиаш шикоят карда, гуфтааст, ки ӯро дидаву дониста бо як маҳбуси муттаҳам ба куштор дар як камера гузоштаанд ва қотил ҳамеша дар ҷустуҷӯи ҷанг будааст."

Ҳамсар ва писари Муҳаммадалӣ Ҳаит афзуданд, ки Муҳаммадалӣ борҳо аз масъули зиндон дархост кардааст, ки ӯро барои наҷоти ҷонаш ба утоқи дигар интиқол диҳад, аммо мудири зиндон дархости ӯро напазируфт.
 Онҳо изҳори нигаронӣ кардаанд, ки шояд бо Муҳаммадалӣ чизе рух дода бошад, ки мақомот ба мулоқоташ иҷоза надоданд, то ифшо нашавад.
  Муҳмадалӣ Ҳаит  16 сентябри соли 2015 дар манзилаш боздошт шуд.