Бартараф шудани мушкили камбуди муаллим дар Тоҷикистон
(last modified Sun, 07 Feb 2021 16:55:30 GMT )
Феврал 07, 2021 21:55 Asia/Dushanbe
  • Бартараф шудани мушкили камбуди муаллим дар Тоҷикистон
    Бартараф шудани мушкили камбуди муаллим дар Тоҷикистон

Камбуди муаллим дар мактабҳои Тоҷикистон бо ба кор гирифтани нерӯҳои ҷадид бартараф шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Авесто, вазири омӯзиш ва улуми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода гуфт: дар ҳоли ҳозир 130465 муаллим дар мақотеи мухталифи таҳсилӣ машғули омӯзиши донишомӯзон ҳастанд.

Ӯ афзуд аз ин теъдод 5674 муаллим дар Бадахшон, 46754 нафар дар Хатлон, 4085 нафар дар Суғд, 9000 нафар дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва 26 ҳазор нафар дар марокизи омӯзишии соири навоҳии кишвар фаъолият мекунанд.

Муҳаммадюсуф Имомзода изҳор кард: Теъдоди муаллимон нисбат ба соли 2018 ва 7209 нафар ва нисбат ба соли гузаштаи мелодӣ 5872 афзоиш ёфтааст.

Ӯ афзуд да соли таҳсилии ҷадид 2 миллиону 108 ҳазору 942 донишомӯз низ дар мактабҳои кишвар сабти ном карданд.

Бештар бихонед: