Феврал 08, 2021 12:17 Asia/Dushanbe
  • Ширкати Барқи тоҷик наметавонад қарзи худро ба ширкатҳои истихроҷи ангиштсанг дар Тоҷикистон бипардозад
    Ширкати Барқи тоҷик наметавонад қарзи худро ба ширкатҳои истихроҷи ангиштсанг дар Тоҷикистон бипардозад

Мудири ширкати истихроҷи ангишт дар кони Фон-Яғноби ноҳияи Айнии вилояти Суғд эълом кард, ки қарзи Барқи тоҷик ба ин ширкат ба 126 миллион сомонӣ расидааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Ти Ҷи, Фирӯзбек Сайфуллоев гуфтааст, ки 71 миллион сомонӣ аз ин қарз ба соли 2019 бармегардад ва маҷмӯи он дар авоили имсол ба 126 миллион сомонӣ расидааст, ки ширкати истихроҷи ангиштсангро бо мушкили ҷиддӣ рӯ ба  рӯ месозад. 

Бахши  умдаи ин қарзи марбут ба фаъолияти маркази шумораи 2 тавлиди оби гарм ва барқи шаҳри Душанбе аст ки рӯзона барои фаъолияти хеш 6 ҳазор тонна ангишт масраф ва 8 миллион киловатт соат барқро ҳамарӯза вориди шабакаи барқи пойтахти Тоҷикистон мекунад. 

Умаралӣ Ниёзов  мудири ин марказ мегӯяд, ки дар соли 2020 ба маблағи 331 миллион сомонӣ аз маъдани Фон –Яғноб ангиштсанг дарёфт кардаанд ва бояд ширкати Барқи тоҷик пули ин миқдори сӯзишвориро пардохт кунад. 

Ин дар ҳолест, ки бар асоси гузориши Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон қарзи муштаракони барқ ба ширкати Барқи тоҷик ба беш аз 3 миллиарду 52 миллион сомонӣ расидааст. 

Аксарияти коршиносон мӯътақиданд, ки ширкатҳои истихроҷи ангиштсанг бояд сиёсати шшадидтареро барои дарёфти талаби хеш дар дастури кор қарор диҳанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп