Афзоиши 13 дарсадии тавлиди ангиштсанг дар Тоҷикистон
Дар натиҷаи фаъолияти маъданҳои ангиштсанг дар Тоҷикистон дар 6 моҳи нахусти соли ҷорӣ дар ин кишвар 853 ҳазор тонна ангиштсанг тавлид шуда аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати саноат ва техналогияҳои нави Тоҷикистон тавлиди ин миқдор ангиштсанг афзоиши 13 дарсади бо давраи мушобеҳ ба соли қаблро нишон медиҳад.
Гуфта мешавад, ки беш аз 365 ҳазор тонна ангишсанг тавлид шуд дар 6 моҳи нахусти соли ҷорӣ мутаъалиқ ба ширкатҳои давлати мебошад, аммо ширкатҳои хусуси дар ин муддат 488 ҳазор тонна ё наздик ба 58 дарсад аз кулли ангишсанги тавлидшуда дар Тоҷикистонро ба худ ихтисос доданд.
13 ширкати дохилӣ ва хориҷӣ дар ин кишвар ба истихроҷи ангиштсанг машғуланд ва 200 корхона аз ангишсанг барои тавлиди маҳсулот истифода мекунанд.
Захираҳои шиносоишуда дар 21 маъдани ангишсанги Тоҷикистон беш аз 3 миллиард тонна эълом шуда аст. Тавлиди сангиштсанг дар Тоҷикистон дар солҳои ахир ба беш аз 2 миллион тонна дар сол расида аст.