Русия аз Тоҷикистон дархости эъзоми 20 ҳазор коргари муҳоҷир кард
(last modified Thu, 11 Feb 2021 09:10:12 GMT )
Феврал 11, 2021 14:10 Asia/Dushanbe
  • Маскав аз Душанбе хостааст, ки бар асоси ниёзҳои бозори кори Русия ба Русия коргар фиристад
    Маскав аз Душанбе хостааст, ки бар асоси ниёзҳои бозори кори Русия ба Русия коргар фиристад

Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфт Русия эъзоми 20 ҳазор коргари муҳоҷири тоҷикро дархост кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Риа Новости, Шаҳноза Нодирӣ ҳамчунин гуфт ин 20 ҳазор нафар бар асоси дархости Русия ва барномаи эъзоми созмонёфтаи коргарони муҳоҷири тоҷик фиристода мешаванд.

Аз ин теъдод 10 ҳазор нафар барои фаъолият дар бахши сохтусози вилояти Краснодар эъзом хоҳанд шуд.

Ҳамчунин мақомати Русия хостори эъзоми мутахассисони корхонаҳои бофандагӣ, саноеъи ғизоӣ ва коргарони бахши хадамоти шаҳрӣ шудаанд.

Шаҳрдории Маскав низ аз Тоҷикистон дархост кардааст, ки 1 ҳазору 500 коргари мавриди ниёз барои фаъолият дар бахши хадамоти шаҳриро ба пойтахти Русия эъзом кунад.

  
 Ҳамчунин Душанбе ва Маскав дар бора таъсиси дафтари хадамоти гузарнома ва раводиди Вазорати корҳои дохилаи Русия дар Тоҷикистон тавофуқ кардаанд.

Ин идораи хадамотӣ дар Тоҷикистон дар заминаи таҳияи мадорики тоҷикони довталаби кор дар Русия ва осонсозии раванди эъзоми созмонёфтаи коргарони муҳоҷири тоҷик ба он кишвар фаъолият хоҳад кард то зимни кӯтоҳ кардани давраи таҳияи мадорик, заминаи судури муҷаввизи кору иқомати онон пеш аз сафар ба Русия фароҳам шавад.

 

Бештар бихонед: