Роҳандозии бузургтарин муҷтамаъи мурғпарварии Осиёи марказӣ дар Данғараи Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i62100-Роҳандозии_бузургтарин_муҷтамаъи_мурғпарварии_Осиёи_марказӣ_дар_Данғараи_Тоҷикистон
Бузургтарин муҷтамаъи мурғпарварии Осиёи марказӣ дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистон дар ҳоли сохт аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 11, 2021 19:16 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии бузургтарин муҷтамаъи мурғпарварии Осиёи марказӣ дар Данғараи Тоҷикистон

Бузургтарин муҷтамаъи мурғпарварии Осиёи марказӣ дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистон дар ҳоли сохт аст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи вазорати кишоварзии Тоҷикистони мудири соҳаи паррандапарварии Тоҷикистон гуфт:Маҳсулоти ин мурғпарварӣ ба Туркияву Узбекистон содир хоҳад шуд.

 Шокир Назаров изҳори умедворӣ кард,ки ин муҷтамаъ дар Наврўзи имсол ва ё дар Рўзи ваҳдати миллии Тоҷикистон ифтитоҳ шавад .

 Вай афзуд: Ин муҷтамаъ зарфияти парвариши 600 ҳазор мурғи гуштиро дорад .

Мудири соҳаи паррандапарварии Тоҷикистон гуфт : Маблағи сохти ин муҷтамаъ ифшо намешавад.

 

   Бештар бихонед :