Саҳми кишварҳо аз ваксинаи Астра Занка
Феврал 11, 2021 19:08 Asia/Dushanbe
Барномаи Ковакс шеваи тақсими тахминии 96 миллион дозаи ваксинаи корона байни кишварҳои узвро мунташир кард .
Ба гузориши радиои Садои Хуросон, масъӯлони ин барнома ки зери назари Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ аст дар моҳи январ аз хариди миллионҳо дозаи ваксинаи «Файзер » ва « Астра Занка» » хабар дода буданд .
Интизор меравад, ки дар чорчӯби барномаи Ковакс то поёни соли ҷорӣ имкони таҳвили 2 миллиард дозаи ин ваксинаҳо ба саросари ҷаҳон аз ҷумлаи 1.3 миллиард доза барои кишварҳои заъифтар фароҳам мешавад .
Аз ҷумла барои Тоҷикистон 732 ҳазор доза ваксинаи Астра Занка дар назар гирифта шудааст.
бештар бихонед :
- Русия оморҳои расмии корона дар Тоҷикистонро бовар надорад?
-
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ва радди як иддаои ҷаҳоншумул дар бораи вируси корона