Корона бозгардондани шаҳрвандони Тоҷикистон аз урдӯгоҳҳои Сурияро мушкил кард
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт эълом кард, ки густариши вируси коронаи бозгардондани шаҳрвандони Тоҷикистон аз урдӯгоҳҳои Сурияро бо мушкили ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохт.
Ба гузориши сомонаи ТОП ТҶ, Зубайдуллоҳ Зубайдзода гуфтааст, ки дар урдӯгоҳи “Алҳавл”, таҳти контроли гурӯҳҳои курди сурӣ 200 нафар аз занону кӯдакони тоҷик нигаҳдорӣ мешаванд, ки падарону мардонашон пас аз пайвастан ба гурӯҳҳои террористӣ дар даргириҳои Сурия ва Ироқ кушта шудаанд ва Ҳукумати Тоҷикистон талош мекунад онҳоро ба кишварашон бозгардонад.
Ба гуфтаи вай, 80 дарсади ин афрод кӯдакон мебошанд ва ҷангҷӯёни гурӯҳҳои курди сурӣ духтарони ноболиғро ба маконе номаълум мунтақил мекунанд.
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт таъкид кардааст, ки дар моҳи декабри соли 2020 аз урдӯгоҳи “Алҳавл” боздид карда ва бо авзои ногувори зиндагии шаҳрвандони кишвараш ошно шудааст.
Ин дар ҳоле аст, ки Созмони Милали Муттаҳид аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки атбои худро аз урдӯгоҳҳои Сурия бозгардонад.
СММ эълом кардааст, авзои шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикҳо дар ду урдӯгоҳи “Алҳасака” ва “Алҳавл” таҳти контроли гурӯҳҳои курди сурӣ ногувор аст ва ҳарчӣ зудтар бояд барномаи баргардондани онон иҷро шавад.
Мақомоти ҳуқуқии Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳазору 900 шаҳрванди ин кишвар ба гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ДИИШ пайвастаанд ва ба Сурияву Ироқ рафтаанд, ки ҳудуди 500 нафар аз онон дар даргирӣ бо артишҳои ин ду кишвари арабӣ кушта шудаанд.
Қаблан мақомоти Тоҷикистон эълом карда буданд, ки дар солҳои ахири 300 шаҳрванди фиребхурдаи тоҷик аз манотиқи даргирӣ дар Сурия ва Ироқ ба кишварашон бозгардонда шудаанд.
Бештар бихонед: