Тоҷикистон ва Русия дар бораи воридоти ваксинаи русӣ музокира мекунанд
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълом кард, ки бо сафари гурӯҳе аз Тоҷикистон ба Русия, дар бораи воридоти ваксинаи русии корона гуфтугӯ хоҳанд кард.
Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Ҷамолиддин Абдуллозода дар нишасти хабарӣ дар Душанбе эълом кард, ки барои воридоти ваксинаи русии “Спутник V” бояд бо мақомоти Маскав гуфтугӯ шавад.
Вай таъкид кард: 20 дарсад аз ҷамъияти наздик ба 9. 5 миллионнафарии ин кишвар ниёз ба тазриқи ваксинаи корона доранд ва пешниҳоди дарёфти ваксинаи корона дар ин замина ба Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ фиристода шудааст.
Абдуллоҳзода авлавияти дарёфти ваксинаи Ковид -19 ро бо кормандони бахши тандурустӣ, маориф ва афроди болои 50 сол ва афроди гирифтори бемориҳои музмин (куҳна) –и ғайрисироятӣ эълом кард.
Ба гуфтаи Абдуллоҳзода, барои хариди ваксинаи корона Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ 3 миллион доллар кумаки ройгон ва ниҳодҳои молии байналмилалӣ низ 5 миллион доллар ба Тоҷикистон ихтисос хоҳанд дод.
Ҳамчунин танҳо ба 8 дарсад аз ҷамъияти Тоҷикистон ваксинаҳои харидоришуда аз сӯйи давлат тазриқ хоҳад шуд.
Ҷамолиддин Абдуллоҳзода таъкид кардааст, ки барномаи тазриқи ваксина дар Тоҷикистон бо ҳамоҳангии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ иҷро хоҳад шуд.
Бештар бихонед: