Тоҷикистон саду нуздаҳумин кишвари ҷаҳон дар ҷазби гардишгар
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i6217-Тоҷикистон_саду_нуздаҳумин_кишвари_ҷаҳон_дар_ҷазби_гардишгар
Маҷмаи ҷаҳонии иқтисод дар тозатарин гузориши худ Тоҷикистонро дар байни 141 кишвари ҷаҳон аз назари шохиси рақобатпазирӣ дар ҷазби гардишгар дар радаи саду нуздаҳум қарор дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 18, 2016 14:40 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон саду нуздаҳумин кишвари ҷаҳон дар ҷазби гардишгар

Маҷмаи ҷаҳонии иқтисод дар тозатарин гузориши худ Тоҷикистонро дар байни 141 кишвари ҷаҳон аз назари шохиси рақобатпазирӣ дар ҷазби гардишгар дар радаи саду нуздаҳум қарор дод.

Ба иттилои хабаргузории Форс, дар ин гузориш дар миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар рутбаҳои аввал то сеюми ҷазби гардишгар қарор гирифтанд.

Бар ин асос, Қазоқистон бо касби мақоми 85 дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ беҳтарин рутбаро дар ин замина касб карда ва Қирғизистон низ дар радаи 116-и ин феҳрист қарор гирифта, ҳарчанд дар мавриди Узбакистон ва Туркманистон гузорише ироа нашудааст .

Маҷмаи ҷаҳонии иқтисод ҳар 2 сол якбор феҳристи кишварҳои мавриди таваҷҷуҳи гардишгаронро мунташир мекунад .

Барои таҳияи ин рутбабандӣ, мавориде ҳамчун фазои корӣ, зерсохтҳои ҳамлу нақлӣ ва ҳавоӣ, амният, ҳазина ва қавонини судури раводид мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.

Дар ин феҳрист Испания, Фаронса, Олмон, Амрико ва Британиа дар радаҳои аввал то панҷуми дунё қарор доранд ва Русия низ дар ин рутбабандӣ мақоми 45-ро касб кардааст .