Дастури Ҳукумати Тоҷикистон барои таҳияи тарҳи буҷети соли 2022
(last modified Sat, 13 Feb 2021 17:20:01 GMT )
Феврал 13, 2021 22:20 Asia/Dushanbe
  • Вазорати молияи Тоҷикистон барои таҳия ва пешниҳоди буҷаи соли 2022 ҳафт моҳ вақт дорад
    Вазорати молияи Тоҷикистон барои таҳия ва пешниҳоди буҷаи соли 2022 ҳафт моҳ вақт дорад

Ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати молия дастур додааст, ки то рӯзи 20 сентябр нақшаи буҷет барои соли 2022-ро таҳия ва пешниҳод кунад.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТоҷВик,  тарҳи буҷети ҳукумати Тоҷикистон барои соли 2022 бо мадди назари қарор додани шароити коронаӣ ва шохисҳои рушди иқтисоди кишвар дар соли 2021 таҳия хоҳад шуд. 

Пештар Вазорати молияи Тоҷикистон эълом карда буд ба далели густариши вируси корона тадвини тарҳи буҷети ҳукумат барои соли 2022 дар се моҳаи нахусти имсол оғоз хоҳад шуд. 

Бахши даромадии буҷети Тоҷикистон дар соли ояндаи 31 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки наздик ба 4 миллиард сомонӣ бештар аз буҷети соли 2021 аст. 

64 дарсад аз кулли буҷети ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2021 аз ҳисоби пардохти молиёт таъмин хоҳад шуд. 

Бахши ҳазинаии буҷети Тоҷикистон дар соли 2022 низ 31 миллиарду 499 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки дар муқоиса бо имсол наздик ба 3 миллиард сомонӣ бештар хоҳад буд. 

Тоҷикистони яке аз болотарин рақамҳои молиётро дар ҷаҳон дорад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп