Мусобиқоти оростани дастархон бо талоши шаҳрдори Душанбе
Шаҳрдори Душанбе озмуни оростани мизи ғизо баргузор мекунад.
Ба гузориши тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи шаҳрдории Душанбе, ин мусобиқа тибқи низомномаи тасдиқкардаи Кумитаи дини Тоҷикистон баргузор мешавад.
Дар солҳои гузашта бо дастури Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқоти оростани миз дар шаҳрҳо ва навоҳии кишвар баргузор шуд ва ҳадафи баргузории мусобиқот, боло бурдани кайфияти оростани суфра дар маросимҳои арӯсӣ ва азодорӣ ва сарфаҷӯӣ дар ҳазинаҳои хонаводаҳо эълом шуд.
Ба гуфтаи масулони баргузоркунанда, маҳорати ширкаткунандагон дар оростани мизи хӯрокворӣ, дараҷаи мувофиқати завқи онҳо ба суннатҳои миллӣ ва тарзи пайвастани анъана ва муосир аз ҷумлаи меъёрҳои арзёбӣ хоҳад буд.
Соли гузашта, сокинони навоҳии Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур мақомҳои аввал то сеюмро касб карданд ва 9 ҳазор сомонӣ низ ба афроди бартар эҳдо шуд.
Бештар бихонед: