Дидори вазири хориҷаи Тоҷикистон ва раиси дафтари намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе
(last modified Sun, 14 Feb 2021 16:07:45 GMT )
Феврал 14, 2021 21:07 Asia/Dushanbe
  • Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо раиси дафтари намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе дидор кард
    Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо раиси дафтари намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе дидор кард

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо раиси дафтари намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар ин кишвар дидор кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, «Сироҷиддин Муҳриддин » ва «Мэрилин Юсафсон». 


Дар ин дидор вазъияти кунунӣ ва дурнамоии тавсеаи равобити дуҷониба байни Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупоро баррасӣ карданд. 

Иттиҳодияи Аврупо ахиран барномаи якчандсолаи ҷадиди худ барои солҳои 2021 - 2027-ро ба мақомоти «Душанбе » ироа кард. 

Ин барнома шомили иқтисоди сабзу фарогир, тавсеаи сармояи инсонӣ ва короӣ ва пойдории мудирияти манобеи табиӣ аст. 

Тарафи тоҷикӣ бо тавваҷӯҳ ба ҳамагирии корона ва таъсири он бар иқтисоди миллии ин кишвар аз Иттиҳодияи Аврупо дархости афзоиши қобили тавваҷӯҳи сармоягузорӣ дар иқтисоди миллии ин кишварро карда буд. 
  

Ҳамчунин мақомоти Тоҷикистон пешниҳод карданд, ки авлавиятҳои роҳбурдӣ ва барномаҳои давлатӣ, сармоягузорӣ аз буҷету тавсеаи пойдори иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар ин барнома ғунҷонда шавад.

 

Бештар бихонед: