Феврал 15, 2021 11:41 Asia/Dushanbe
  • Шенни Кэмпбелл: Намояндаи нави Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон
    Шенни Кэмпбелл: Намояндаи нави Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон

Намояндаи нави Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон расман фаъолияти худро дар ин кишвар оғоз кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТоҷВик, хонум Шэнни Кэмпбелл, Shannyи Campbell ки шаҳрванди Зеландияи Нав ва Англис мебошад, ҷонишини Прадип Шривастава  Pradeep Srivastava шуд ки аз соли 2017 намояндаи Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон буд. 
  
 

Намояндаи ҷадиди Бонки Рушди Осиё дар Тоҷикистон дар нахустин гуфтугӯи матбуотии хеш эълом кард: "Ман умедворам, ки бо ҳукумати Тоҷикистон ва намояндагиҳои ниҳодҳои молии байналмилалӣ ва минтақавӣ дар Душанбе ҳамкории наздик хоҳем дошт. Яке аз аҳдофи муштараки мо кӯмак ба Тоҷикистон барои эҳёии иқтисоди ин кишвар дар шароити коронаӣ, анҷоми ислоҳот, беҳбуди фазои фаъолиятҳои бахши хусусӣ ва ҳимоят аз тарҳҳои зербиноии ин кишвар хоҳад буд "
  
 

Хонуми Шэнни Кэмпбелл дорои фаъолияти 26 сола дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ, об ва ҳамлу нақл  мебошад, ки аз соли 2010 ба Банки Рушди Осиё пайваста ва муддатии муовини намояндагии ин ниҳод дар Афғонистон будааст. Ҳамкории Бонки Рушди Осиё ва Тоҷикистон  аз соли 1998 ва дар поёни ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд ва то ба ҳол беш аз ду миллиарду 400 миллион доллар ба ин кишвар кӯмаки молӣ ихтисос ёфтааст, ки як миллиарду 400 миллиони он ройгон будааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп