Феврал 16, 2021 15:16 Asia/Dushanbe
  • Нашрияи чинӣ матлаби иддаоии худ дар бораи ҳаққи моликияти Чин ба заминҳои Тоҷикистонро аз сомонаи хеш ҳазф кардааст
    Нашрияи чинӣ матлаби иддаоии худ дар бораи ҳаққи моликияти Чин ба заминҳои Тоҷикистонро аз сомонаи хеш ҳазф кардааст

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон гуфт, иддаои матбуоти Чин дар бораи ҳаққи моликияти Пекин бар бахше аз қаламрави Тоҷикистон, мавзеи давлати Чин нест.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Сироҷиддини Муҳриддин дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе афзуд: Пас аз интишори матлабе дар нашрияи чинӣ бо иддаои ҳаққи моликияти ин кишвар бар бахше аз қаламрави Тоҷикистон, кормандони Сафорати Тоҷикистон бо мақомоти Вазорати хориҷаи Чин ва бо масъулони ин нашрия дидор карданд.

Пас аз ин дидор, нашрияи чинӣ ба номи “Гул - бозтоби таърих” ( 鲜花畅谈历史 ) ин матлабро аз сомонаи хеш ҳазф кардааст. Аз ин рӯ, мақомоти чинӣ гуфтаанд, ин иқдом кори нашрияи мустақил аст ва мавзеи давлати Пекин нест, ки бо Тоҷикистон равобити роҳбурдӣ дорад.

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон таъкид кард: Равобити Пекин ва Душанбе комилан дӯстона аст ва мақомоти Чин ба ёддошти эътирози тарафи Тоҷикистон дар бораи иддаои бархе нашриёти ғайридавлатии кишварашон зуд посух доданд.

Ин дар ҳоле аст, ки ба навиштаи расонаҳои Тоҷикистон, пас аз фурӯпошии Шӯравӣ, Тоҷикистон замине ба масоҳати як ҳазору 158 километри мураббаъро дар вилояти Бадахшон ба Чин вогузор кард ва дар зоҳир ихтилофи марзии ду кишвар ба поён расид.

 

Бештар бихонед: