Замони маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон як соати коҳиш ёфт 
(last modified Wed, 17 Feb 2021 14:26:26 GMT )
Феврал 17, 2021 19:26 Asia/Dushanbe
  • Маҳдудияти барқ дар деҳоти Тоҷикистон ба соати 23 шаб то 5 субҳ коҳиш ёфтааст
    Маҳдудияти барқ дар деҳоти Тоҷикистон ба соати 23 шаб то 5 субҳ коҳиш ёфтааст

Раиси ширкати давлатии Барқи Тоҷик эълом кард, ки ба далели ҳарорати ҳавои болои 20 дараҷа ва об шудани яхҳо, ки вурудии об ба садди нерӯгоҳҳои барқи обиро афзоиш додааст, маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон як соат коҳиш ёфтааст.

Ба гузориши сомонаи "Спутник", Мирзо Исмоилзода дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфтааст, ки бар ин асос маҳдудияти интиқоли барқ дар манотиқи рустоии ин кишвар, ки қаблан аз соати 23 шаб то 6 субҳ буд, ба соати 23 шаб то 5 субҳ коҳиш ёфтааст.

Вай ваъда додааст, ки гарм шудани бештари ҳаво ва афзоиши вуруди об ба садди нерӯгоҳи барқи обии Норак, маҳдудияти барқ бекор хоҳад шуд, ҳарчанд замони дақиқи ин барнома мушаххас нест.

Раиси ширкати Барқи Тоҷик изофа кард: Дар соли 2020 дар Тоҷикистон 15 миллиарду 284 миллион киловат соат барқ тавлид шуда, ки дар муқоиса бо соли 2019,  216 миллион киловат соат камтар аст.

Мирзо Исмоилзода ҳамчунин қарзи бахши хонагӣ ба ширкати Барқи Тоҷикро як миллиарду 342 миллион сомонӣ ва қарзи корхонаи алюминии Тоҷикистонро 390 миллион сомонӣ эълом кард.

 

Бештар бихонед: