Бахшидани 5 миллиард сомонии қарзи ширкати Барқи тоҷик ба давлат
-
Бахшидани 5 миллиард сомонии қарзи ширкати Барқи тоҷик ба давлат
ҳукумати Тоҷикистон соли 2020 ба далели вазъи номусоиди молии ширкати Барқи тоҷик 5 миллиард сомонӣ аз қарзи ин ширкатро бахшид.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, намояндаи Ширкати давлатии Барқ тоҷик гуфт: Аммо ин ширкат ҳамчунон ба Вазорати молияи Тоҷикистон 22 миллиард сомонӣ қарздор аст.
Рустами Маҷидзода афзуд: Ҳамчунин қарзи молии Ширкати Барқи тоҷик ба нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда 1 ба як миллиарду 550 миллион сомонӣ ва Сангтуда 2 ба 123 миллион сомонӣ расидааст.
Намояндаи Ширкати давлатии Барқ тоҷик гуфт: Қарор аст барномаи ислоҳоти сохторӣ ва беҳбуди авзоъи молии ин ширкат то соли 2025 иҷро шавад.
Дар ҳоли ҳозир, қарзи бахши дохилӣ дар назди Ширкати Барқи Тоҷик 1 миллиарду 342 миллион сомонӣ ва корхонаи алюминии Тоҷикистон 390 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Бештар бихонед: