Додситонии кулли Тоҷикистон: ҳукми маҳкумияти Маҳмурод Одинаев дуруст аст
Додситонии кулли Тоҷикистон эълом кард, ҳукми 14 соли зиндон барои Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ дуруст аст.
Ба гузориши сомонаи Спутник, дар баёнияи Додситонии кулли Тоҷикистон таъкид шудааст, ки пас аз шикояти хонаводаи Маҳмурод Одинаев ин ниҳод дубора ба баррасии парвандаи вай пардохт, аммо ҳеч мавриди муғойир бо қонун дар ин замина мушоҳида нашуд ва ҳукми 14 соли зиндон барои Маҳмурод Одинаев мутобиқ бо иттиҳомоти вай мебошад.
Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ин ҳукмро сангин хонда ва гуфта буданд, ки намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳои хабарӣ дар ин додгоҳ ҳузур надоштаанд.
Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ 28 январи соли ҷории Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал- демократи Тоҷикистонро ба иттиҳоми авбошӣ ва таҳрики афкори умумӣ ба баргузории тазоҳуроти зиддидавлатӣ ба 14 соли зиндон маҳкӯм кард. Ҳамчунин Ҳабибуллоҳ Ризоев, писари Маҳмурод Одинаев ба пардохти 58 ҳазор сомонӣ ҷаримаи молӣ ба иттиҳоми авбошӣ маҳкӯм шудааст.
Гуфта мешавад, ки Маҳмурод Одинаев дар додгоҳ иттиҳомоташро рад карда ва ҳукми худро ғайриодилонаи хонда ва гуфтааст, ки ба Худованд умед дорад.
Бар асоси баёнияи қаблии Додситонии кулли Тоҷикистон Маҳмурод Одинаев бо эътироз ба эъзоми яке аз фарзандонаш ба хизмати сарбозӣ ин иқдомро ғайриқонӯнӣ хонда ва пас аз даргирӣ бо кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҳисор аз маҳли ҳодиса фирор кардааст.
Одинаев панҷуми декабри соли 2020 дар шаҳри Душанбе боздошт шуд.
Бештар бихонед:
- Мухолифати мақомоти қазоии Тоҷикистон барои ҷазби вакили ҳуқуқӣ дар дифоъ аз Муҳаммадмурод Одинаев
- Эъломи иттиҳоми ифротигарӣ алайҳи Муҳаммадмурод Одинаев