Тарҳи қонуни нави андози Тоҷикистон барои баррасӣ мунташир шуд
Вазорати молияи Тоҷикистон пас аз дастури Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии ин кишвар тарҳи қонуни нави андозро барои баррасӣ мунташир кард.
Ба гузориши сомонаи «ТоҷВик», ин тарҳ дар муқоиса бо қонуни қаблии андози Тоҷикистон 96 сафҳа бештар буда, шомили шаш навъ молиёти давлатӣ мешавад, ки қаблан 8 маврид буд.
Андоз аз даромад, андоз аз арзиши афзуда, андози иҷтимоӣ, андоз аз манобеи табиӣ, андоз аз фурӯши алюминий ва андози маҳаллӣ аз ҷумлаи ин маворид мебошад.
Дар тарҳи қонуни нави андози Тоҷикистон коҳиши молиёт бар арзиши афзуда аз 18 дарсади феълӣ ба 15 дарсад дар назар аст. Аммо ин маврид шомили афроде мешавад, ки ғайринақдӣ фаъолият мекунанд. Барои ононе ки нақдӣ фаъолият мекунанд, мизони молиёт бар арзиши афзуда 18 дарсади қаблӣ боқӣ хоҳад монд.
Ин дар ҳоле аст, ки тайи даҳаҳои ахир 44 дарсади кулли молиёт ба буҷети Ҳукумати Тоҷикистон аз ҳисоби пардохти андоз бар арзиши афзуда ворез мешуд.
Мизони андози иҷтимоӣ барои корфармоён бидуни тағйир ҳамон 25 дарсади қаблӣ ва барои созмонҳо ва ширкатҳо 20 дарсад таъйин шудааст. Ин тарҳ бояд то рӯзи аввали марти соли ҷорӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон ироа шавад.
Бештар бихонед:
- Таҳияи тарҳи буҷети Ҳукумати Тоҷикистон барои соли 2022 ва мушкили молиёт
-
Мизони болои андоз дар Тоҷикистон ва таъсири он бар фаъолияти бахши хусусӣ