Феврал 22, 2021 22:18 Asia/Dushanbe
  • Тарҳи бозсозии нерӯгоҳи барқи обии «Норак» аз моҳи марти соли 2019 оғоз шуд.
    Тарҳи бозсозии нерӯгоҳи барқи обии «Норак» аз моҳи марти соли 2019 оғоз шуд.

Тарҳи созшномаи ихтисоси кумаки молии 36 миллиондолларии Бонки Ҷаҳонӣ барои иҷрои марҳалаи дувуми бозсозии таҷҳизотии нерӯгоҳи барқи обии «Норак» ба Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ироа шуд.

Ба гузориши сомонаи «Азия плюс», дар марҳалаи нахусти бозсозии ин нерӯгоҳ Бонки Ҷаҳонӣ 225 миллион доллар, Бонки зербиноии Осиё 60 миллион доллар ва Бонки Рушди АвруОсиё 40 миллион доллар ихтисос дода буданд.

Тарҳи бозсозии нерӯгоҳи барқи обии «Норак» аз моҳи марти соли 2019 оғоз шуд.

Зарфияти тавлиди барқ дар нерӯгоҳи барқи обии «Норак» 2 ҳазору 700 мегаватт буд, ки дар соли 1988 ба 3 ҳазор мегават расонда шуд.

Аммо ин нерӯгоҳ ба далели куҳнаву фарсуда шудани таҷҳизоташ, пас аз 41 соли фаъолият танҳо 2 ҳазору 600 мегаватт барқ тавлид мекунад ва ниёз ба бозсозии асосии таҷҳизотӣ дорад. Ширкати олмонӣ ва австрияии «ANDRITZ», ки дар муноқисаи байналмилалии бозсозии таҷҳизоти нерӯгоҳи барқи обии «Норак» дар тобистони соли 2018 баранда шуд, иҷрои ин тарҳро дар моҳи марти соли 2019 оғоз кард.

Ин ширкат мутааҳҳид шудааст, ки иваз кардани 9 турбина ва таҷҳизоти асосии нерӯгоҳи барқи обии «Норак»-ро дар муддати 10 сол анҷом диҳад.

Мақомоти давлати Тоҷикистон қаблан эълом карда буданд, барои бозсозӣ ва навсозии таҷҳизоти нерӯгоҳи барқи обии «Норак» ба беш аз700 миллион доллар ниёз доранд. Бо поёни марҳалаи бозсозии ин нерӯгоҳ зарфияти тавлиди барқи он аз 3 ҳазор мегаватти феълӣ ба 3 ҳазору 300 мегаватт афзоиш хоҳад ёфт.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп