Пардохти 66 миллион доллар суди қарзҳои хориҷии Тоҷикистон дар соли 2020
-
Қарзи хориҷии Тоҷикистон 41 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳад
Соли 2020 ҳукумати Тоҷикистон аз ҳисоби буҷа барои пардохти қарзи хориҷии кишвар 190 миллион доллар ҷудо кард, ки беш аз сеяки онро фоизи қарз ташкил медиҳад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, мақомоти вазорати молияи Тоҷикистон гуфтаанд, ки аз ин маблағ 124 миллион доллар барои бозпардохти қарзи хориҷӣ ва 66 миллиону 200 ҳазор доллар низ барои пардохти суди вомҳо ҳазина шудааст.
Ин мақомот эълом кардаанд, ки авоили соли 2021 рақами қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 3 миллиарду 200 миллион доллар расидааст, ки дар соли 2020 бо афзоиши 300 миллион доллар ҳамроҳ буд.
Ин мизони қарзи баробар бо 41 дарсад аз тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон мебошад.
Имсол низ ҳукумати Тоҷикистон барои бозпардохти қарзи хориҷӣ аз ҳисоби буҷет маблағи 133 миллион доллар ихтисос хоҳад дод.
Ҳамчунин бо мақомоти Чин барои ақиб афтодани бозпардохти қарзи хориҷии Тоҷикистон ба ин кишвар, ки 40 дарсад аз кулли вомҳои дарёфтиро ташкил мекунад, тавофуқ ҳосил шудааст.
Бештар бихонед: