Коҳиши ҷойгоҳи ҷаҳонии Тоҷикистон дар суръати интернети телефони ҳамроҳ
Суръати кунди интернети телефони ҳамроҳ дар моҳи январ дар Тоҷикистон ин кишварро дар ин замина дар миёни 140 кишвари ҷаҳон дар ҷойгоҳи 129-ум қарор додааст.
Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, ин дар ҳоле аст, ки дар моҳи декабри соли 2020 Тоҷикистон ба ин лиҳоз 5 зина болотар дар ҷойгоҳи 124 қарор гирифта буд.
Коршиносони ширкати байналмилалии"Speedtestи Globalи Index" дар тозатарин гузориши худ, миёнгини суръати интернети телефони ҳамроҳ дар ҷаҳонро 100 мегабайт бар сония эълом ва изҳор кардаанд, ки дар Тоҷикистон ин шохис ба 14,6 бар сония мерасад.
Ин дар ҳоле аст, ки миёнгини суръати Интернет дар ҷаҳон 70 мегабйт бар сония аст ва дар Тоҷикистон ин шохис 13,8 мегабайт бар сония аст.
Бар асоси оморҳои қаблӣ дар Тоҷикистон ҳафтмиллиону 300 ҳазор муштараки фаъоли телефони ҳамроҳ ва се миллиону 34 ҳазор корбари Интернет, аз ҷумла интернети телефони ҳамроҳи сабти ном шудаанд.
Аз сӯи дигар қиммати як гигабайт Интернети пурсуръат дар Тоҷикистон 14 доллару 69 сент, бо суръати мутавассити 4 доллару 65 сент ва бо суръати поин 97 сент эълом шуда, ки дар кишвари ҳамсояи Қирғизистон ин шохис 1,4 сент аст.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Молиёти 18 дарсадии интернетро ширкатҳои хориҷӣ мепардозанд ё тоҷикҳо?
- Мушкилоти барқ ва Интернет донишҷӯёни тоҷикро сардаргум кардааст
- Се миллион корбари Интернет дар тоҷикистон