Ноябр 22, 2023 11:42 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши даромади ширкатҳои мухобиротӣ дар Тоҷикистон дар 9 моҳи соли ҷорӣ

Даромад операторҳои мухобиротӣ дар Тоҷикистон дар 9 моҳи соли ҷорӣ, ҳудӯди 2 миллиарду 914.9 миллион сомонӣ (беш аз 267 миллиондоллар) будааст. Ин нисбат ба муддати мушобеҳ дар соли 2022, 10.2 дарсад афзоиш доштааст.

Ба гузориши сомонаи Азия Плюс, саҳми операторҳои мухобиротии хусӯсӣ дар кул даромади 95.3 дарсад буд, онҳо 2 миллиарду 778.1 миллион (ҳудӯди 255 миллион доллар) даромад доштанд, ки 11.2 дарсад бештар аз январ то сентябри 2022 аст.

Дар ҳамин ҳол, даромад оператори миллии мухобироти “Тоҷиктелеком”, ширкати давлатӣ ва бахшҳои сохтории Хадамоти алоқа, (6. 3٪) коҳиш ёфт ва аз 146 миллион сомонӣ ба 136.8 миллион сомонӣ расид.

То аввали октябри соли ҷорӣ ҳудӯди 4 миллион корбари интернет ва 6.5 миллион муштараки мобайл дар Тоҷикистон сабт шудаанд, ки аз ин теъдод ҳудӯди 5.6 миллионнафар фаъол маҳсӯб мешаванд.

Ҳамчунин аз назари суръати интернет паҳни бонди собит, Тоҷикистон дар байни 182 кишвар дар рутбаи 136 қарор гирифт.

 

Барчасп