Тоҷикон дар моҳи март 13 рӯз таътил доранд
Тоҷикистон дар моҳи март бо дар назар гирифтани таътилоти ҳафтагӣ ва ҷашнҳои рӯзи модар ва наврӯзи бостонӣ 13 рӯз таътил дорад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс дар Душанбе, ба таври суннатӣ дар Тоҷикистон 8 мартро ба унвони рӯзи ҷаҳонии зан - модар таҷлил мекунанд ва ин рӯз дар саросари кишвар таътил аст.
Дар наврӯз, тоҷикҳо расман аз 21 то 24 март истироҳат мекунанд ва аз он ҷо, ки имсол 21 март якшанбест, тибқи қонун рӯзи 25 март низ дар Тоҷикистон рӯзи таътил хоҳад буд.
Мутобиқ бо меъёрҳои қонун дар мавриди рӯзҳои ҷашн, агар як таътили расмӣ бо рӯзи ҷашн ҳамзамон бошад, рӯзи кории баъдӣ низ таътил хоҳад буд.
Ба ин тартиб сокинони Тоҷикистон дар моҳи марти 2021 бо дар назар гирифтан рӯзҳои шанбе вау якшанбе, ки таътилӣ ҳафтагӣ аст , рӯзҳои 6, 7 , 8, 13,14 , 20 , 21, 22 ,23 , 24 , 25 , 27 ва 28 истироҳат хоҳанд кард.
Бинобар дастури Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон наврӯзи имсол дар кишвар бо ҳадафи пешгирӣ аз густариши корона ба таври маҳдуд ва бидуни ҳазинаҳои изофӣ таҷлил мешавад.
Ситоди марказии ҷилавгирӣ аз густариши вируси ҳамагири корона дар Тоҷикистон баргузории консертҳо ва рӯйдодҳои варзишӣ дар чаҳор маҳалли Душанбе ва бо риояти тамомии қавонини беҳдоштиро иҷоза додааст.
Бештар бихонед: