Феврал 28, 2021 18:33 Asia/Dushanbe
  • Баргузории мусобиқоти таэквондои муқаддамотии олимпик
    Баргузории мусобиқоти таэквондои муқаддамотии олимпик

Мусобиқоти муқаддамотии олимпӣ дар таэквандо 21 то 22 май баргузор мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз комитети миллии олимпики Тоҷикистон қарораст ин мусобиқот дар Амон ( Урдун ) баргузор шавад. 
  

Мусобиқоти таеквандо дар бозиҳои олимпӣ дар 8 вазн - 4 вазн барои оқоён ва 4 вазн барои бонуон баргузор мешавад ва фақат 128 варзишкор аз саросари ҷаҳон фурсати ҳузур дар ин бозиҳоро доранд. 

Варзишгарони таэквондо барои иштирок дар Бозиҳои олимпӣ бо ду роҳ интихоб карда мешаванд: иштирок дар мусобиқаҳои интихобӣ ва рейтингҳои ҷаҳонӣ.


 Моҳрӯ Ҳалимова, Мунис Овиматова ва Муҳаммад Ҳасан Шоҳмуҳаммадов се узви дастаи мунтахаби таэквондо дар Тоҷикистон мебошанд, ки дар сурати ба кворум расидан, метавонанд дар Олимпиадаи Токио ширкат варзанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп