Коҳиши боришҳо ва таҳдиди бӯҳрони камобӣ барои Тоҷикистон
Директори Маркази таълимии пиряхҳои Тоҷикистони Академияи илмҳои Тоҷикистон аз кам шудани боришот ва об шудани пиряхҳо ва эҳтимоли бӯҳрони норасоии об изҳори нигаронӣ кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Тиҷи, Абдулҳамид Қаюмов гуфтааст, ки натоиҷи таҳқиқи ин мавзӯ дар авохири моҳи феврали гузашта мунташир шуд ва мушаххас гардид, ки мизони боришҳо дар зимистони солҳои 2019 ва 2020 аз 45 то 55 дарсад дар муқоиса бо солҳои қабл коҳиш ёфтааст.
Ба гуфтаи вай Маркази таълимии пиряхҳои Тоҷикистони ҳамаи сол то 15 маъмурият барои таҳқиқи вазъи пиряхҳо ва тағироти обуҳавоӣ дар кишвар анҷом медиҳад.
Натоиҷи ин таҳқиқ нишон медиҳад, ки бо кам шудани мизони боришҳо ва об шудани яхчолҳои табиӣ дар кӯҳистонҳои Тоҷикистон дар ояндаи наздик ин кишварро буҳрони камобӣ таҳдид мекунад.
Муҳити зистро тахмин мезананд, ки дар даҳсолаҳои охир сеяки пиряхҳои Тоҷикистон ба сабаби гармоиши глобалӣ ва партоби газҳои гулхонаӣ об шудаанд ва хавфи коҳиши 30 дарсадӣ ба ин захираҳои табиӣ дар ояндаи наздик таҳдид мекунад.
Дар Тоҷикистон 13 ҳазор пирях мавҷуд аст, ки дар масоҳати 8500 километри мураббаъ ҷойгиранд ва захираи оби ин пиряхҳо 850 ҳазор километри мукааб арзёбӣ мешавад.
Ба гуфтаи донишмандон дар сурати идомаи гарм шудани ҳаво ва осори мухарриби зисти муҳитӣ то соли 2050 масоҳати ин пиряхҳо метавонад ба нисф коҳиш ёбад.
Бештар бихонед: