Баҳои корти озодкунӣ аз хизмати ҳарбӣ муайян карда шуд?
Масъулони бархе аз донишгоҳҳои Тоҷикистон ба донишҷӯёни худ эълом кардаанд, ки барои озодкунӣ аз хизмати ҳарбӣ бояд маблағи 28 ҳазор сомонӣ ба шумораи ҳисоби Амонатбонк пардохт кунанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Тиҷӣ, бо пардохти ин маблағ донишҷӯён метавонанд дар поёни давраи таҳсилӣ бо як моҳи хизмати дараҷаи аввали афсарӣ ва корти озодшавӣ дарёфт кунанд.
Бар асоси қонуни ҷадиди хизмати сарбозӣ дар Тоҷикистон акнун ҳамасола 10 дарсад аз афроди воҷиди шароит барои хизмат дар нерӯҳои мусаллаҳи кишвар ҷазб мешаванд ва бақия метавонанд бо пардохти маблағ корти муъофият дарёфт кунанд.
Дарёфт ин корт ва дараҷаи афсари захира барои донишомӯхтагони марказҳои донишгоҳӣ бо як моҳи хизмат имконпазир хоҳад шуд.
Ҳамчунин барои афроде, ки қасди истихдом шудан дар дафтари раёсати ҷумҳурӣ, идораҳои додситонӣ, додгоҳҳо, гумрук ва хадамоти мубориза бо фасоди молӣ дар Тоҷикистонро доранд, хизмат дар нерӯҳои мусаллаҳ зарурӣ мебошад.
Аз тарафи дигар, агар хатмкунандагони марказҳои донишгоҳӣ имкони харидани корти озодкуниро надошта бошанд, онҳо бояд барои як сол ба хидмат фиристода шаванд.
Бештар бихонед: