Ноябр 18, 2023 21:36 Asia/Dushanbe
  • Имзои тавофуқномаи 100 миллион юанӣ байни бонкҳои Тоҷикистону Чин

«Амонатбонк»-и Тоҷикистон барои дарёфти вомии 100 миллионӣ бо Бонки давлатии тавсеаи Чин тавофуқнома имзо кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, ин тавофуқнома барои дарёфти воме муодили 13.8 миллион доллар байни Сироҷиддин Икромӣ, раиси «Амонатбонк» ва Тан Тсзюн, раиси Бонки давлатии тавсеаи Чин имзо шуд.

Ҳадаф аз ақди ин тавофуқнома пардохти вомҳои кучак барои тавсеаи бахши кишоварзӣ, тавсеаи машоғили кучаку мутавассит, муаррифии таҷҳизоту фанновариҳои тавлиди коло ва маҳсӯлоти воридотӣ унвон шудааст.

Бахше аз воми эъто шуда низ ба корофариноне, ки коло ва маҳсӯлотро аз Чин ворид мекунанд, пардохт хоҳад шуд.

Илова бар ин, ҳайати Бонки давлатии тавсеаи Чин дар чорчӯби боздид аз «Амонатбонк»-и Тоҷикистон бо гуруҳе аз мутахассисони бонкӣ дидор ва дар хусӯси ҳамкориҳои дуҷонибаи байни бонкӣ ва густариши таъомулот дар ҳавзаҳои мухталиф гуфтугу карданд.

Таъкид гардид, ки давоми 15 соли ҳамкорӣ байни бонкҳо 10 созишнома, аз ҷумла 9 созишномаи қарзӣ ба маблағи 81,5 миллион доллари ИМА, 1 созишнома оид ба рушди ҳамкории дуҷониба ва 1 ёддошти тафоҳум оид ба бозомӯзии кормандони «Амонатбонк» ба имзо расонида шудаанд.

Дар ин 15 сол, бо истифода аз вомҳои дарёфт шуда, ҳазинаҳои 74 пружаи мухталифи кишоварзӣ ва саноатӣ ва ҳимоят аз машоғили мутавасситу кучак дар саросари Тоҷикистон таъмин шудааст.

 

Барчасп