Ҷойгоҳи 134-уми Тоҷикистон аз нигоҳи шохиси озодиҳои иқтисодӣ дар ҷаҳон
(last modified Mon, 08 Mar 2021 07:30:18 GMT )
Март 08, 2021 12:30 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон тавонист рейтинги ҷаҳонии худро дар заминаи озодии иқтисодӣ беҳтар кунад
    Тоҷикистон тавонист рейтинги ҷаҳонии худро дар заминаи озодии иқтисодӣ беҳтар кунад

Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии шохиси озодиҳои ҷаҳонӣ миёни 186 кишвар дар мақоми 134 қарор гирифтааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, ин гузоришро ахиран пажӯҳишгоҳи Heritageи Foundation ва маҷаллаи Вол Стрит Theи Wallи Street мунташир кардаанд, ки бар асоси он Тоҷикистон дар муқоиса бо соли 2019, ки дар ҷойгоҳи 155 ҷаҳонӣ қарор гирифта буд,  мавқеияти худро беҳбуд бахшидааст. 

Бо вуҷуди ин пешрафт, Тоҷикистон дар раддабандии ин шохис дар Осиё ҳамчунон дар гурӯҳи кишварҳои дорои иқтисоди озод дар ҷои 42-юм қарор дорад.

Аз дидгоҳи коршиносони ду ниҳоди ёдшуда, Тоҷикистон барои расидан ба иқтисоди озод бояд қонунҳои иқтисодӣ, муқаррароти бозори кор ва муҳити ҷазби сармояи хориҷиро ислоҳ кунад. 

 Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки Тоҷикистон аз ҳисоби вуруди даромади ирсолии коргарони муҳоҷир аз Русия ва афзоиши истихроҷи тилло, нуқра ва металлҳои ранга дар солҳои ахир рушди иқтисодии худро таъмин кардааст. 

Дар ин раддабандӣ, Қазоқистон дар ҷойгоҳи 34, Қирғизистон 78, Узбакистон 108 ва Туркманистон дар рутбаи 167 қарор гирифтаанд.

 

Бештар бихонед: