Замони интиқоли маҳмулаи дуввуми ваксинаи корона ба Тоҷикистон муайян шуд
(last modified Tue, 09 Mar 2021 16:14:39 GMT )
Март 09, 2021 21:14 Asia/Dushanbe
  • Иттиҳоди Аврупо дар доираи барномаи Коввакс ваксинаи коронаро ба Тоҷикистон мефиристад
    Иттиҳоди Аврупо дар доираи барномаи Коввакс ваксинаи коронаро ба Тоҷикистон мефиристад

Сафири Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе эълом кард, ки 624 ҳазор доза ваксинаи корона ба Тоҷикистон дар моҳи майи имсол ворид хоҳад шуд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия плюс Мэрилин Юсефссон ҳангоми таҳвили нахустин маҳмулаи ваксини корона ба мақомоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфт: «624 ҳазор дозаи дигар аз ин ваксина, ки аз навъи Астразенка / Оксфорд мебошад дар чорчӯби барномаи Куввокси моҳи майи имсол ба Тоҷикистон мунтақил мешавад.» 

Нахустин маҳмулаи ваксинаи корона шомили 192 ҳазор доза, шаби 8 март вориди Тоҷикистон шуд. 

Ба гуфтаи сафири Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе ин иттиҳодия аз соли 2011 дар чорчӯби барномаи кумак ба бахши беҳдошту дармони Тоҷикистон 56, 5 миллион доллар ихтисос дода ва барои солҳои 2021 то 2025 низ дар ин чорчӯб маблағи 56, 5 миллион доллари дигар кумак хоҳад кард. 

Наврӯз Ҷаъфаров мудири идораи мубориза бо бемориҳои вогирдори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфтааст, ки мунтазири дастури ҳукумат барои тазриқи 192 ҳазор доза ваксини коронаии Астразенка/Оксфорд ҳастанд, ки ахиран вориди ин кишвар шудааст.

Вай изофа кард, ки тарҳи тазриқи ин ваксина ба ҳукумати Тоҷикистон ироа шуда ва кор ба зудӣ оғоз хоҳад шуд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп