Октябр 20, 2016 10:17 Asia/Dushanbe
  • Мушкилоти тиҷорати бахши хусусӣ дар Тоҷикистон

Теъдоди бештари шаҳрвандони Тоҷикистон ба фаъолиятҳои тиҷорӣ, тамоюл нишон намедиҳанд.

Ба гузориши сойти Азия плюс, Кумитаи давлатии мудирияти амвол ва сармоягузории Тоҷикистон, эълом кардааст, ки тайи 9 моҳи соли ҷорӣ дар ин кишвар, 28 ҳазору 360 нафар муҷавизи фаъолияти тиҷорӣ дарёфт кардаанд, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл, 16 ҳазор маврид камтар мебошад.

Ҳамчунин раванди сабти номи муҷаддади марокизи тиҷории бахши хусусӣ дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл, 66 дарсад коҳиш ёфтааст. Ин дар ҳоле аст, ки барои баррасии далоили коҳиши теъдоди фаъолони бахши хусусӣ, комиссиюни вижае ба раёсати муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон таъсис шудааст.

Аз суи дигар, мақомоти ҳукуматӣ дар Тоҷикистон ба вуҷӯди мушкилоти мухталиф дар фоъолияти бахши хусусии ин кишвар эътироф доранд.

Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон низ ахиран дар дидор бо фаъолони тиҷории кишвараш, вуҷуди таҳқиқу тафаҳҳус аз суи даҳҳо ниҳоди давлатӣ дар ин кишварро, монеъи умдаи фаъолияти ин афрод унвон кард ва хостори коҳиши теъдоди ин идорот шуд. Ҳамчунин Кумитаи давлатии молиёти Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар мавриди мушкилоти фаъолияти бахши хусусӣ дар ин кишвар, дар миёни ин афрод як назарсанҷӣ анҷом диҳад, то авомили умдаи рушд наёфтани ин бахш мушаххас гардад. Ин назарсанҷӣ, тайи даврони 25 соли истиқлоли Тоҷикистон барои бори нахуст баргузор мегардад.