Март 10, 2021 20:25 Asia/Dushanbe
  • Тӯли умумии роҳҳои Тоҷикистон 27 ҳазор километр эълом шудааст
    Тӯли умумии роҳҳои Тоҷикистон 27 ҳазор километр эълом шудааст

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз сифати роҳҳои дохиливу минтақаии кишвар ибрози норизоятӣ кард.

Ба гузориши сомонаи «Азия плюс», вазорат дар гузорише эълом кардааст, ки аксари роҳҳои Тоҷикистон ба далели нотавонӣ дар таъмини ҳаракати васоили нақлиёт зиёд барои мусофирону ронандагон ноамн мебошанд.

Дар ин гузориш омадааст: «Барои мисол, вазъи роҳи нақлиётии Ҳулбук дар ноҳияи Восеъ то ноҳияи Темурмалик дар минтақаи Кӯлоб ба тӯли 59 километр барои ҳаракати васоили нақлиёт ноамн эълом шудааст, ки бояд мавриди бозсозӣ қарор гирад».

Гуфта мешавад, ки ба далели бад будани кайфияти ин роҳ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон сокинони деҳоти канори роҳ аз дастрасӣ ба хадамоти дармонӣ, бонкӣ ва идории давлатӣ маҳрум мешаванд.

Тӯли умумии роҳҳои Тоҷикистон 27 ҳазор километр эълом шудааст, ки 14 ҳазор километри он бо беш аз 2 ҳазор пул таҳти назорати Вазорати нақлиёт аст ва бақия дар контроли идороти мухталифи давлатӣ қарор доранд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми солонаи хеш ба парлумони кишвар дар авохири моҳи январ гуфта буд, ки дар даврони истиқлол 2 ҳазору 200 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ бо маблағгузории беш аз 20 миллиард сомонӣ сохта шудааст.

 

Бештар бихонед :